Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 3 сол 100 кӯдак тавассути ҳамли сунъӣ таваллуд шудааст


Масъулони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар зарфи се сол дар Тоҷикистон 100 кӯдак аз роҳи бордоркунӣ ё ҳамли сунъӣ таваллуд шудааст.

Дар нишасти хабарии рӯзи 9-уми июли вазорати тандурустӣ масъулони ин вазорат гуфтанд, ин кӯдакон аз хонаводаҳое будаанд, ки яке аз онҳо безуриёт будаанд ва хоҳиши фарзанддор шуданро доштаанд. Раванди бодоркунии ин занҳо ва таваллуди кӯдакон дар маркази тибии «Насл» анҷом шудаанд.

Дар ин нишасти хабари гуфта шуд, ки 56 нафари ин кӯдакон дар шаш моҳи соли ҷорӣ таваллуд шудаанд.

Масъулини вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гуфтанд, ки маркази тиббии «Насл» дар роҳи бордоркунии сунъӣ муваффақ будааст ва ҳоло бо духтурони хориҷӣ ҳамкорияшро ба роҳ мондааст.

Бордоркунии сунъӣ ва аз ин роҳ ҳомила шудани занон ҷомеъаи суннатии Тоҷикистонро нигарон кард. Аммо бо гузашти 3 сол аз фаъолияти ин марказ хонаводаҳое, ки ба хотири надоштани фарзанд дар марҳилаи азҳампошӣ қарор доштанд мегӯянд, таваллуди фарзанд онҳоро ба ҳам овард.

XS
SM
MD
LG