Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафот дар навори Ғаза рӯ ба афзоиш дорад


Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, дар зарбаҳои ҳавоии Исроил ба навори Ғаза дар як шабонарӯзи гузашта ба камияш 35 нафар ба ҳалокат расидаанд. Исроил мегӯяд, ин ҳамлаҳо дар посух ба мушакборонест, ки аз тарафи ситезаҷӯёни фаластинӣ ба амал омадааст. Ба сурати умум аз навори Ғаза 117 мушак афканда шудааст. Исроил мегӯяд, 45 мушаки дигарро сипаси зиддимушакии Исроил вожгуна кардааст. Қаноти ҳарбии ҷунбиши исломии Ҳамас эътироф намуд, ки дар посух ба зарбаи ҳавоии Исроил ба 160 минтақаи Ғазза ба самти шаҳрҳои асосии Исроил чанд мушак андохтааст. Дар ҳамлаи Исроил ду рӯзи охир на камтар аз 23 фаластинӣ дар Ғазза кушта шудаанд. Ҳукумати Исроил, ки ба ҳарбиён даъвати наздик ба 40 000 сарбозони захиравиро иҷоза додааст, мегӯяд, дар сурати идомаи мушакборон Ғазаро ишғол хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG