Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафот дар миёни аҳолии осоишта дар Афғонистон 24% афзудааст


Созмони Милал мегӯяд, талафот миёни шаҳрвандони осоиштаи Афғонистон дар нимаи аввали соли 2014 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад афзудааст. Бино бар ин гузориш, аз аввали сол то охири июн дар Афғонистон 1564 шаҳрванди қаторӣ кушта ва 3289 тан захмӣ шудаанд. Шумораи онҳо дар ҳамин давраи соли гузашта 1342 кушта ва 2577 захмиро ташкил медод. Шумораи кӯдаконе, ки дар ин миён ба ҳалокат расиданд, 21 дарсад афзуда ба 295 нафар расидааст. Ҷорҷетта Гагнон, мудири умури ҳуқуқи башар дар намояндагии Созмони Милал дар Кобул мегӯяд: "Низои Афғонистон дар нимаи аввали имсол барои аҳолии осоишта чархиши хатарноке кард. Талафоти мардуми одӣ дар қиёс бо нимаи аввали соли 2913 24 дарсад бештар шудааст.”

Ба далели он ки бештари мардуми одӣ на аз бомбаҳои сарироҳӣ ва ҳамлаҳои маргталабона, балки ҳангоми даргирӣ ва гулӯлаборонҳо кушта шудаанд, Созмони Милал мегӯяд, ҷангҳо ба наздиктари манотиқи сераҳолӣ кӯчидаанд. Ин манбаъ толибҳо ва ошӯбгарони дигарро омили куштори аҳолии осоишта меномад ва ин ҳолро дар ростои бурунрафти нерӯҳои байнулмилалӣ аз Афғонистон ҷараёни андӯҳомез унвон мекунад.

XS
SM
MD
LG