Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 700 бемори силу ВИЧ дар зиндонҳои Тоҷикистон


Нусратулло Файзулло, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, дар маҳбасҳои Тоҷикистон беш аз 700 гирифтори ВИЧ, вируси ангезандаи бемории қаттоли СПИД адои ҳукм мекунанд. Вазири тандурустӣ афзуд, ки ин маҳбусон дар назорати духтурон қарор доранд, аммо будани беморони сил дар зиндонҳо боиси сироятёбии дигар зиндониҳо мешавад. Нусратулло Файзулло гуфт, чунин беморон бояд дар марказҳои махсуси табобати сил ба муолиҷа фаро гирифта шаванд. Аммо аз маркази зидди бемориҳои сили вилояти Хатлон ба Озодӣ гуфтанд, ки дар зиндонҳо низ барои зиндониҳои маризи сил ҳуҷраҳои махсуси табобат мавҷуд аст.

XS
SM
MD
LG