Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамаи ноҳияи Тоҷикистон размоишҳои ҳарбӣ баргузор мешаванд


Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, размоиши 500 нафар аз ҳарбиёни захиравии ноҳияи Рӯдакӣ зери унвони омодагӣ ба ҳамлаи хориҷӣ бо муваффақият ба поён расид. Сухангӯи вазорат Фаридун Маҳмадалиев, рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бори аввал дар чунин машқҳо занон низ ширкат карданд. Вай афзуд, моҳи гузашта дар чунин размоиш дар вилояти Хатлон 5 ҳазор нафар ширкат карданд ва ҳар ду моҳ дар навоҳию вилоятҳои Тоҷикистон машқи ҳарбии шаҳрвандони ҷараён мегирад. Мавзӯи ин тамринҳо омодагӣ ба ҳамлаи ғайриинтизор аз беруни кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG