Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои донишҷӯёни кафедраи ҳарбии Донишгоҳи тиббӣ


Вазорати дифои Тоҷикистон тасмим гирифт барои мушаххас кардани даъвои донишҷӯёне, ки барои супоридани имтиҳони фанни ҳарбӣ иҷозат надоштаанд, санҷиш гузаронад. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи ин вазорат имрӯз ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳудуди 30 нафар донишҷӯёни кафедраи ҳарбии Донишгоҳи тиббӣ барои рушанӣ андохтан ба масъалаи супоридани имтиҳонӣ ҳарбӣ ба назди вазири дифоъ Шералӣ Мирзо омаданд ва онҳоро муовини вазир Абдуҳалим Назаров қабул намуда, ба суолҳои онҳо посух дод. Онҳо аз шумули донишҷӯёне мебошанд, ки дар ҷамъомади саҳроӣ (сбори саҳроӣ ) ва дарсҳои ҳарбӣ ширкат накардаанд. Ба гуфтаи манбаъ, онҳо низоми кафедраи ҳарбии донишгоҳҳоро риоя накарда ва дар дарсҳои назариявӣ ширкат накардаанд, ки дар натиҷа аз тарафи омӯзгорон "НБ" ё "нест" гузошта шудаанд. Дар ин сурат онҳо аз имтиҳон маҳрум шуда аз гирифтани шаҳодатномаи ҳарбӣ маҳрум мешаванд. Ба суолҳои донишҷӯён муовини вазир Абдуҳалим Назаров ва сардори раёсати кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо вазорати дифоъ посух додааст.

XS
SM
MD
LG