Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдори пешини Махачқалъа дар терроризм гумонбар дониста шуд


Шаҳрдори пешини Махачқалъа, пойтахти Доғистон, ба таҳррезии амали террористӣ ва нигадошти ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор шуда, додситон барои ӯ 13 соли ҳабс талаб намуд. Саид Амиров ба он айбдор шуд, ки бо истифода аз мушак ҳавопаймоеро вожгун кард. Дар ин ҳавопаймо сарвари Бунёди нафақаи Русия Сагид Муртазалиев кушта шуд. Амиров, ки дар соли 2013 боздошт шуд, ҳамчунин ба қатли афсари Кумитаи тафтишоти Русия Арсен Гаджибеков муттаҳам мешавад. Бино бар хабари дигар мусаллаҳони ношинос як афсари полисро дар шаҳри Ҳасавюрти Доғистон ба ҳалокат расонд. Дар ин ҳамла як афсари дигар захмӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG