Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба оромӣ дар Афғонистон даъват кард


Раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, дар сӯҳбати телефонӣ бо номзадҳои интихоботи президентии Афғонистон гуфт, Иёлоти Муттаҳида интизори инро дорад, ки гумонҳои тақаллуб ҷиддан пажӯҳиш шаванд. Кохи Сафед мегӯяд, Обама пас аз гуфтугӯ бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар рӯзи 8-уми июл ба номзади дигар Ашрафғанӣ Аҳмадзай занг зад. Дар сӯҳбат бо Абдуллоҳ Раисиҷумҳури Амрико аз ӯ хост, то замоне ки пажӯҳиш идома дорад, худро пирӯз эълон накунад. Кохи Сафед хостори он аст, ки баҳси интихоботӣ ягонагии миллиро дар Афғонистон баҳам назанад. 11-уми июл вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ ба Кобул сафар мекунад.

XS
SM
MD
LG