Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷовуз ба номуси як хонуми украинӣ дар Душанбе


Як шаҳрванди Украина дар шаҳри Душанбе аз тарафи сокини пойтахт мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтааст. Тибқи иттилоидафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 7-уми июл пас аз нисфирӯзӣ Қ.З., як сокини 38-солаи пойтахт, ки қаблан бо моддаи 200 ва 201-и кодекси ҷиноӣ ҳабс шудааст, ба манзили зисти шаҳрванди Украина, М.Е., соли тавалудаш 1990, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст ворид шуда, «бо тариқи зӯроварӣ ба номусаш таҷовуз кардааст». Рӯзи дигар Қ.З., аз тарафи кормандони мақомот дастгир шуда ва нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG