Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олмон бо 7 гол(!!!) айши Бразилияро талх кард


Шодии сармураббии Олмон Иоахим Лёв

Шодии сармураббии Олмон Иоахим Лёв

Дастаи футболи Бразилия дар бозии ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар баробари Олмон қарор гирифт ва бо натиҷаи ғайримунтазира ва ҳайратовари 1:7 шикаст хӯрд. Ин бадтарин натиҷа дар таърихи футболи Бразилия дар 94 соли гузашта аст.

Дастаи мизбон - мунтахаби Бразилия - дар бозии аввали ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 аз тими Олмон бо ҳисоби бузурги 1-7 шикаст хӯрд. Ин бозӣ шаби чоршанбе, 9-уми июл, дар варзишгоҳи шаҳри Белу-Оризонти баргузор шуд. Нахуст Томас Мюллер, бозигари олмониҳо, тӯбро вориди дарвозаи бразилиҳо кард. То дақиқаи 30-юми нимаи аввали дидор тақдири бозӣ ҳал шуда буд. Дар муддати шаш дақиқа Мирослав Клозе, Тони Кроос (ду бор) ва Сами Хедира дарвозаи Бразилро рахна карданд. Дар нимаи дувуми бозӣ Шюррле ду гол ва Оскар як гол зада, бозиро бо ҳисоби рекордии 7-1 барои даври ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон анҷом доданд.

Ба ин тартиб, Олмон бо ин пирӯзӣ ба финали Ҷоми ҷаҳонӣ роҳ ёфт ва Бразилия низ бузургтарин шикасти таърихи худро таҷриба кард. Рақиби мунтахаби Олмон ғолиби ҷуфти Аргентина ва Ҳолланд мешавад. Бозии дувуми ниманиҳоӣ шаби панҷшанбе, 10-уми июл, барпо мегардад. Бразилиҳо бошанд, 13-уми июл барои ҷойи севум бо дастае, ки дар бозии ниманиҳоӣ миёни тимҳои Аргентина ва Ҳолланд мағлуб мешавад, рақобат мекунанд.

Мирослав Клозе, ҳамлавари олмонӣ дар бозии Бразил шонздаҳумин голи худро дар Ҷоми ҷаҳонӣ ба самар расонд ва рекорди пешинеро, ки дар ихтиёри Роналдои бразилиягӣ, ки 15 гол зада буд, шикаст. Клозе бо задани 79 гол дар 136 бозии миллӣ, рекорди ҳамватани худ Герхард Мюллерро низ гузашт.

Бразил бо ин умед, ки битавонад шашумин қаҳрамониро ба даст биёварад, барои баргузории Ҷоми ҷаҳон-2014 миллиардҳо доллар масраф кардааст. Вале бо лат хӯрдани Неймар -- ҳамлавари худ ва маҳрум шудан аз Силва -- капитани даста, ин тим яке аз бадтарин натиҷаҳои таърихи футболи худро рақам зад. 64 сол қабл дар соли 1950 Бразил мизбони Ҷоми ҷаҳонӣ буд ва дар бозии финалӣ аз Уругвай шикаст хӯрд ва он вақт дар кишвар мотами миллӣ эълон шуда буд.

Бразилиҳо умедвор буданд, ки имсол он фоҷеаро ба фаромӯшӣ супурда ва дар хоки худ барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол шаванд. Вале шикаст дар баробари Олмон на танҳо орзуҳои ин тимро барбод дод, балки боиси таҳқири миллӣ низ шуд. Рекорди қаблии бадтарин бохти Бразил ба соли 1920 бармегардад, ки ин даста аз Уругвай бо ҳисоби 0:6 шикаст хӯрда буд.

Бразилия – Олмон 1:7 (0:5)
Голҳо: 0:1 – Мюллер (11), 0:2 – Клозе (23), 0:3 – Кроос (24), 0:4 – Кроос (26), 0:5 – Хедира (29), 0:6 – Шюррле (69), 0:7 – Шюррле (79), 1:7 - Оскар (90).

Бразилия: Жулио Сезар, Майкон, Давид Луиз, Данте, Марсело, Л. Густаво, Фернандино (Паулино, 46), Халк (Рамирес, 46), Оскар, Бернард, Фред (Виллиан, 70).
Олмон: Нойер, Лам, Ҷ.Боатенг, Хуммелс (Мертесакер, 46), Хеведес, Хедира (Дракслер, 76), Швайнштайгер, Мюллер, Кроос, Озил, Клозе (Шюррле, 58).

Огоҳонида шуд: Данте (68).

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG