Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои осиёӣ ва Олимпиадаи наврасон


Рӯзи 8-уми июл дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба омодагиҳои варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ баргузор шуд.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин ҷаласа гуфт, “Ба барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 4-уми октябри соли равон дар шаҳри Инчони Кореяи Ҷанубӣ барпо мегардад, 36 намуд (29 намуди олимпӣ ва 7 намуди ғайриолимпӣ) дохиланд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, инчунин федератсияҳои миллӣ, беш аз 150 варзишгарро ба Бозиҳои XVII осиёӣ аз рӯи 16 намуд, ба монанди бокс, гуштии озод ва гуштии юнониву румӣ, дзюдо, варзиши сабук, тирандозӣ, футбол, шиноварӣ, камонварӣ, картэ-до, таэквон-до ВТФ, вазнабардорӣ ва ғайра сафарбар мекунад. Барои омодагии ҳамаҷонибаи варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XVII осиёӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Федератсияҳои дахлдори варзишӣ муваззаф шудаанд, ки варзишгарони худро ба Бозиҳои осиёӣ ҳамаҷониба омода созанд.”

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик соли 2010 дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоуи Чин чаҳор медал (як нишони тилло ва се биринҷӣ) гирифта буданд. Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо медали тилло, Расул Боқиев (дзюдо), Муродҷон Тӯйчиев (гуштии юнониву румӣ) ва Ҷаҳон Қурбонов (бокс) бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шудаанд.

Баҳрулло Раҷабалиев иброз дошт, ки Бозиҳои XVII осиёӣ барои варзишгарони тоҷик имтиҳони ҷиддиест пеш аз ширкат дар мусобиқоти интихобӣ барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия.

Дар ин ҷаласа, инчунин, масъалаи омодагии варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ дар Нанҷинги Чин баррасӣ шуд. Муҳаммадшо Абдуллоев, мудири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чунин иброз дошт: “Ба барномаи Олимпиадаи наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми августи соли ҷорӣ дар Нанҷинг баргузор мешаванд, 34 риштаи варзиш дохил аст. Дар ин бозиҳо 8 варзишгари тоҷик дар 7 намуд рақобат мекунанд. Чаҳор нафари онҳо – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов (вазни то 85 кг) ва Равзатулло Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр – соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ гардидаанд. Чаҳор нафари дигар – Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр дар Олимпиадаи наврасон аз рӯи квота ё саҳмия ширкат хоҳанд кард.”

Ба иттилои Муҳаммадшо Абдуллоев, ба ҷуз варзишгарон, ба ҳайати варзишии Тоҷикистон дар Бозиҳои дуюми тобистонаи олимпӣ 6 мураббӣ дохиланд: Абдурозиқ Олимов (гуштии варзишӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук), Носир Бозоров (дзюдо), Фирӯза Зубайдова (камонварӣ), Олег Набиев (тирандозӣ) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ).

Варзишгарони ҷавони тоҷик моҳи августи соли 2010-ум дар нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ду медал ба даст овардаанд. Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 кг бо медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар навъи таэквон-до ВТФ дар сабқати духтарон дар вазни то 44 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гаштаанд.

XS
SM
MD
LG