Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кашфи як шаҳри қадимаи асри биринҷӣ дар Фархор (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Бостоншиносони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳамроҳи гурӯҳе аз антропологҳои Русия дар ноҳияи Фархор 200 километрии ҷануби пойтахти Тоҷикистон маҳалли шаҳри қадимаеро пайдо кардаанд, ки ба асри биринҷӣ рост меояд.

Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи бостоншиносии Тоҷикистон рӯзи 8 июл ба Озодӣ гуфт, ки ин шаҳри қадима дар маҳали фурудгоҳи ноҳияи Фархор ҷойгир мебошад, ки бостоншиносони тоҷику рус марҳилаи аввали ковишро анҷом доданд. Вай мегӯяд, ки қабристони ин шаҳр даҳҳо ҳекторро дар бар мегирад, ки аллакай 20 қабри он мавриди омӯзиш қарор дода шудааст.

Ба гуфтаи оқои Бобомуллоев, дар ин қабрҳо ҷасадҳо ба шакли «батнӣ», яъне доирашакл гӯр карда шудаанд ва аз даруни қабрҳо табарзину шамъдон, маводи сафолиу биринҷиву нуқра пайдо карда шудааст.

Вай афзуд, ки барои таҳқиқи косахонаи сари ҷасадҳо аз Маскав антропологоҳоро даъват кардаанд. Ба нақли Бобомуллоев, бар асоси барномаи ковиши маҳалли шаҳри қадима ҳукумати Тоҷикистон 45 ҳазор сомонӣ ҷудо кард, ки ин маблағ дар моҳи майи июн сарф шудааст ва ҳоло боз як барномаи дигар барои идомаи таҳқиқот ба ҷониби ҳукумат пешниҳод карда шудааст Таърихи ин шаҳри қадима ба асри биринҷӣ чор ҳазор солро дар бар мегирад.

Вай мегӯяд, ки қаламрави ин шаҳр фарох буда, қисмати дар Фархори афғонбудаи онро чанд сол қабл бостоншиносони Фаронса мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Аз ин қабл бостоншиносони тоҷик аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Саксанохӯри ҳамин ноҳия 7 хуми бузурги қадима пайдо карда буданд. Аз дохили ин хумҳо, ки дарозиашон то як метр мерасад, ашёҳои ороишӣ, зарфҳои хурди обгирӣ ва устухонҳои инсон дарёфт шудааст.

ИН НАВОР ДАР МОҲИ МАЙ САБТ ШУДААСТ:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG