Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти додситонии кулл бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон


Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 10 июл ҳайати мушовараи васеъи худро бо ширкати тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва амниятии кишвар баргузор мекунад, ки дар он президент Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуда суханронӣ хоҳад кард. Котиботи додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 8 июн бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи ҷорӣ ҳайати мушовараи васеи Додситонии кулли Тоҷикистон бо ширкати президенти кишвар баргузор хоҳад шуд. Вай гуфт, дар ин нишаст ҳамаи намояндагони баландмақоми вазорату ниҳодҳои қудратии кишвар ширкат хоҳанд кард ва президент Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи амниятии кишвар, ҷурму ҷиноят ва ба хусус оид ба вуҷуди ришвату фасод дар мақомоти интизомӣ, ҷараёни баррасии мунсифонаи парвандаҳо ва масоили дигари марбут ба тартибу интизом дар инҳодҳои қудартӣ суханронӣ хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки ҷиддияти ин нишаст ба андозае ҳаст, ки президент кушоду рӯшан ба масъалаҳои амнияту ҳуқуқи шаҳрвандон сӯҳбат хоҳад кард. Ин бори аввал аст ҳайати мушовараи Додситонии кулл берун аз бинои он, дар Кохи ваҳдат сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG