Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Малайзия дар бораи доир намудани бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 18:00 шурӯъ мешавад. Дарвоқеъ, ин аввалин бозӣ байни тимҳои миллии Тоҷикистону Малайзия ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки дар рейтинг ё феҳрасти ФИФА дар ҳамин ҳол Малайзия бо 149 имтиёз дар мақоми 153-юм ва Тоҷикистон бо 229 имтиёз дар мақоми 126-ум қарор доранд.

Бозии дӯстона бо Малайзия барои мунтахаби Тоҷикистон дар мавсими имсола севум мешавад. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии Мӯҳсин Муҳаммадиев 4-уми май дар Душанбе дар бозии дӯстона бар тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Вале футболбозони тоҷик 7-уми июн дар Таллин аз мунтахаби Эстония бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Баъди бозӣ бо Малайзия мунтахаби Тоҷикистон бо т ми миллии Беларус бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозӣ 4-уми сентябр дар варзишгоҳи нави бошгоҳи футболи БАТЭ «Борисов-Арена», ки маросими кушоиши он 3-юми майи соли равон баргузор шуд, барпо мегардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG