Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокира танҳо баъд аз халъи силоҳ имконпазир аст


Валерий Ҳелетей
Валерий Ҳелетей

Ҳукумати Украина ҳар гуна оташбас ё мусолиҳа бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русияро рад кардааст, 8 июл дар изҳороте Валерий Ҳелетей-вазири дифои Украина гуфтааст, “музокира танҳо замоне имконпазир аст, ки агар ҷудоихоҳон барои ҳамеша аслиҳаи худро ба замин гузоранд”.

Комёбӣ дар амалиёти ахири нируҳои ҳукуматии Украина бисёре аз шӯришиёнро водор сохт, ки аз Донетск ва Луҳанск фирор кунанд. Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина дастур додааст, ки ин шаҳрҳоро ба муҳосира бигиранд ва ҷудоихоҳонро аз ҳар гуна кӯмакҳои таслиҳотӣ маҳрум созанд.

Дар як гуфтугӯи телефонӣ қаблан Барак Обама ва Франсуа Олланд-раисони ҷумҳуриҳои Амрико ва Фаронса аз Владимир Путин хостанд, ки ҷудоихоҳонро водор кунад, то бо Киев ба музокира биншинанд.

XS
SM
MD
LG