Пайвандҳои дастрасӣ

Аз аввали Рамазон 2000 тарозуи ғайристандартӣ аз бозорҳо гирифта шудааст


Оҷонсии «Тоҷикстандарт» шурӯъ аз рӯзи аввали моҳи Рамазон беш аз 2000 тарозуҳое, ки дар баркашидани маҳсулоти асосӣ мардумро фиреб медодаанд аз бозорҳо гирифтаанд. Муродҷон Ашӯров, сухангӯи ин оҷонсӣ ба радиои «Озодӣ» гуфт, ҷамъоварии тарозуҳое, ки дар вақти баркашидан мардумро фиреб медодаанд ва ғайристандартӣ будаанд дар моҳи Рамазон ба хотири кӯмак расонидан ба харидорон будааст. Ин гуна тарозуҳои ғайристандартӣ ва фурӯшандагоне, ки харидоронро фиреб додаанд аз 48 бозори Тоҷикистон ошкор шудаанд. Ҷамъоварии тарозуҳои ғайристандартӣ ва назорати онҳо то охири моҳи Рамазон дар бозорҳои Тоҷикистон идома мекунад, ки ба гуфти оҷонсии «Тоҷикстандарт» ба хотири кӯмак ба мардум дар вақти хариди маҳсулоти асосӣ будааст. Аз сӯи дигар ҷаноби Ашӯров гуфт, ҳарчанд дақиқ накардаанд, ки ба таври мисол аз як кило гӯшт чан грам фурӯшандагон аз харидорон мегиранд, аммо ба чунин фурӯшандагон огоҳӣ дода шудааст, ки дар сурати такрори ин амал ҷарима хоҳанд шуд. Ба иттилоъи ин оҷонсӣ ҳоло барои бозорҳои кишвар тарозуҳои рақамӣ ва сифати хуби стандартиро аз хориҷа харидорӣ кардаанд, ки онҳоро ба фурӯшандагон бо пули воидшуда медодаанд.

XS
SM
MD
LG