Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давоми як сол 137 донишҷӯ аз Донишгоҳи миллӣ хориҷ карда шудааст


Раҳбарияти Донишгоҳи миллӣ, яке аз калонтарин донишгоҳи Тоҷикистон мегӯянд, дар соли хониши 2013-2014 137 донишҷӯ аз донишгоҳ хориҷ карда шудаанд. Абдусалом Миралиев, муовини аввали ректори ин донишгоҳ рӯзи 8-уми июл гуфт, ки миёни донишҷӯёни хориҷшуда аз ҷумла се донишҷӯе ки тавассути квотаи президентӣ таҳсил мекарданд, будаанд.

Роҳбарияти донишгоҳ омили хориҷ шудани донишҷӯёнро саривақт насупоридани имтиҳонҳо, насупоридани маблағи шартномаи донишгоҳ ва ҳамчунин вайрон кардани низомномаи донишгоҳ ном мебаранд.

Ҳоло дар 17 факултети Донишгоҳи миллӣ 20260 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 15565 нафар дар шӯъбаи рӯзона, 4476 нафар ғоибона ва 219 нафар дар шӯъбаи магистратура таҳсил мекунанд. Дар ин донишгоҳ 226 нафар аз донишҷӯён онҳое ҳастанд, ки тариқи квотаи президентӣ аз манотиқи дурдасти кишвар омадаанд.

XS
SM
MD
LG