Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаш моҳ 21 иттиҳодияи динӣ ба қайд гирифта шудааст


Масъулони кумитаи дини Тоҷикистон рӯзи 8-уми июл гуфтанд, ки дар 6 моҳи соли равон дар кишвар 20 масҷид ва як ташкилоти динии шиаи исмоилӣ ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфтаи ин масъулон, аз ин шумора як масҷиди ҷомеъи марказӣ, 4 масҷиди ҷомеъ ва 15 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон ҳоло дар умум 4092 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мекунан. Аз ин шумора як маркази исломӣ, 49 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 3591 масҷиди панҷвақта, 6 мадрасаи мутавассит, 72 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ, як ҷамоатхона ва як ҷамоатхонаи динии ғайриисломӣ фаъолият мекардаанд. Аз рӯи қавонини Тоҷикистон ҳар иттиҳодияи динӣ, ки масҷид ҳам шомили он аст барои ба роҳ мондани фаъолияти худ бояд иҷозаи кумитаи динро гирад. Ин аст, ки дар чанд соли ахир барои бастани дарҳои чанде аз масоҷид аз сӯи ин кумита Тоҷикистон аз сӯи бархе созмонҳои хориҷӣ интиқод мешуд.

XS
SM
MD
LG