Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан Рӯҳонӣ ба Тоҷикистон меояд


Қарор аст, ки раисиҷумҳури Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ ба хотири ширкат дар нишасти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой моҳи сентябри соли равон ба Тоҷикистон сафар кунад. Ин нишаст рӯзҳои 12-13 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ҳошияи ин нишаст оқои Рӯҳонӣ бо раҳбарони Чин ва Қирғизистон мулоқот кунад.

Эрон, Ҳиндустон, Муғулистон ва Покистон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мақоми нозирро доранд.

Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой як созмони байнидавлатӣ аст, ки соли 2001 бо ибтикори сарони Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфта, баъдан Узбакистон ҳам ба он ҳамроҳ шудааст. Соли гузашта нишасти сарони созмон дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуда буд.

XS
SM
MD
LG