Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти парлумони Ироқ боз мавқуф гузошта шуд


Телевизиони давлати Ироқ хабар дод, ки парлумони кишвар ҷаласаашро то рӯзи 2 август мавқуф гузоштааст. Нахустин ҷаласаи парлумони нави Ироқ рӯзи якуми июл ба интихоби раиси нав муваффақ нашуд, зеро атрофи номзадҳо баҳс бархост ва баъд аз танаффус аз 328 вакил фақат 75 нафар дар толор ҳозир шуданд. Қарор буд, ки нишасти парлумон ин ҳафта аз сар гирифта шавад.

Дар ҷаласаи парлумон бояд ба ҷуз раиси ин ниҳоди қонунбарор, балки раисиҷумҳур ва нахуствазири нави Ироқ ҳам интихоб шаванд. Ба мақоми нахуствазир боз ҳам Нурӣ ал-Моликӣ довталаб аст, ки, ба гуфтаи коршиносон, маҳз таъсиси ҳукумати иборат аз шиаҳо аз сӯи ӯ ва беэътиноӣ ба мардуми сунниву курдҳо Ироқро ба тундбоди ҷанги нав ворид кард ва гурӯҳи “Давлати исломии Ироқ ва Шом” қаламрави аъзами шимол ва ғарби кишварро ишғол намуд. Ин гурӯҳ ҳоло чанд шаҳр, аз ҷумла, Мавсил ва Тикритро таҳти назорат дорад.

XS
SM
MD
LG