Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати додситони Суғд ба баргаштани ҷавонони тоҷик аз ҷанги Сурия


Додситони вилояти Суғд гуфт, агар ҷавонони тоҷики шомил ба ҳизбу созмонҳои террористиву эктремистӣ аз амалҳои худ даст кашида, ихтиёран аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон баргарданд, гуноҳи онҳо бахшида мешавад. Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд дар нишасти хабарии рӯзи 7 уми июл дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Бо истифода аз фурсат аз васоити ахбори омма хоҳиш менамоям, бирасонанд, ки ҳар ҷавоне, ки гумроҳ гашта, ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистиву террористӣ шомил шудаанд, агар онҳо ихтиёран ба ватан баргашта, ба ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баёнот диҳанд, парвандаҳои нисбати онҳо мавҷуди ҷиноӣ боз карда намешавад.”

Ҷаноби Қурбонзода афзуд, фақат ба шарте ки: “дар кирдори чунин ашхос аломатҳои таркиби ҷинояти дигар вуҷуд надошта бошад. Масалан, агар як нафар узви Ҳаракати исломии Туркистон (ҲИТ) бошаду ҳамзамон ҷиноятҳои дигаре мисли роҳзанӣ ё ғоратгарӣ дошта бошад, дар чунин маврид мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба вай парвандаро қатъ гардонда наметавонад.”

Вай гуфт, додситонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд дастур додааст дар мавриди тасдиқ шудани аъмоли чунин ҷавонон дар хориҷа, аз ҷумла иштироки онҳо дар ҷанги Сурия нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз карда шавад. Додситони Суғд дар зимни посух ба саволи Радиои Озодӣ, ки оё мақомоти додситонӣ дар бораи ҷавонони ширкатгари ҷанги Сурия маълумоте дар даст доранд ва ҷиҳати баргардонидани онҳо ба Ватан чӣ иқдомҳое рӯи даст гирифтаанд, чунин даъват кард.

Бино ба гуфтаи додситонӣ, дар ҳоли ҳозир гурӯҳи хурде аз ҷавонони Суғд низ иштирок мекунанд. “Мо маълумотҳое дар даст дорем, ки ин ҷавонон дар давлати мазкур дар ҷангҳо иштирок доштаанд. Як ҷавон аз шаҳри Истаравшан ба ин гумон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд. Мақомоте, ки фаврию ҷустуӣ мебаранд, иштироки чанд ҷавони дигарро дар ҷанги Сурия ошкор сохтанд.” – афзуд додситони Суғд.

XS
SM
MD
LG