Пайвандҳои дастрасӣ

Эдуард Шеварднадзе, раисиҷумҳури пешини Гурҷистон, рӯзи 7 июл дар синни 86-солагӣ аз олам даргузашт. Хабари расонаҳои Русия дар бораи марги сиёсатмадорро як манбаъ дар хонаводааш ҳам таъид кард.

Эдуард Шеварнадзе яке аз ҳамсафони Михаил Горбачев дар роҳандозии сиёсати бозсозӣ ва коҳиши шиддат дар равобити байнулмилалӣ буд. Ӯ аз нахустин раҳбарони шӯравӣ буд, ки моҳи декабри соли 1991 созиши Беловеж ва шикасти Иттиҳодия Шӯравиро эътироф кард.

Моҳи ноябри соли 1995 Шеварднадзе дар интихоботи раёсатҷумҳурии Гурҷистон пирӯз шуд ва баъд аз панҷ сол дар интихобот ба ҳифзи курсияш муваффақ гардид.

Моҳи ноябри соли 2003 дар ҷараёни “инқилоби садбаргӣ” ба Шеварднадзе пешниҳод карданд, ки мақоми раисиҷумҳури Гурҷистонро тарк намояд. Баъд аз он ки парлумон пешниҳоди Шеварднадзе дар бораи ҷорӣ кардани вазъи изтирориро қабул накард, сарвари вақти Гурҷистон аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG