Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Руслан Чагаев бар Окендо пирӯз шуд


Шаби 6 июл Руслан Чагаев-муштзани машҳури ҷаҳон аз Узбакистон дар “Аҳмад-Арена”-и шаҳри Грозний-маркази Чеченистон барои дарёфти қаҳрамони WBA ё Ассотсиатсия Бокси Ҷаҳон бо муштзани амрикоӣ Фрес Окендо рақобат кард ва бар вай пирӯз шуд.

Шабакаи телевизони Русия ин мусобиқаро зинда пахш мекард ва муштзанҳо 12 раунд мубориза карданд ва пас аз анҷоми он доварон холҳои Руслан Чагаев ва Фрес Окендоро мушахас намуда, ба ин хулоса омаданд, ки холҳои Чагаев бештар буда, вай бар ҳарифи худ пирӯз шуд. Ҳамин тавр Руслан Чагаев соҳиби камарбанди қаҳрамони WBA ё Ассотсиатсия Бокси Ҷаҳон дониста шуд. Камарбанди қаҳрамони ҷаҳон дар бахши WBA тирамоҳи соли гузашта баъд аз бохти муштзани Русия Александр Поветкин ба муштзани Украина Владимир Кличко “бесоҳиб” монд. Ба ин далел WBA тасмим гирифт, ки барои дарёфти ин камарбанд байни Чагаев-муштзани севвум ва Окендо-муштзани чаҳоруми ҷаҳон мусобиқа баргузор шавад.

Чагаев 32 ғалаба ва ду бохт, Окендо 37 ғалаба ва ҳафт бохт доранд. Чагаев соли 2007 баъд аз пирузӣ бар Николай Валуев ин камарбандро ба даст оварда буд. Вале дар соли 2009 онро ба Владимир Кличко бохт. Баъд аз ду сол вай дубора ин камарбандро моли худ кард, вале баъд аз ду соли дигар онро ба Александр Поветкин бохт.

XS
SM
MD
LG