Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомхон Ҷӯраев се ҳафта боз бедарак аст


Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, аз 18 июн ба ин тараф аз Низомхон Ҷӯраев, ки мебоист дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат мекард, дараке нест. Насим Холмуродов, сухангӯи Додгоҳи олӣ рӯзи 7 июл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз замони содир кардани қарори «маълум кардани ҷои буду боши ӯ» се ҳафта мегузарад, аммо аз Низомхон Ҷӯраев ҳеҷ хабаре нест. Вай гуфт, Додгоҳи олӣ қарори барои маълум кардани ҷои зисти ӯро ба вазорати корҳои дохилӣ ирсол дошт ва ин қарор ба ҳамаи мақомоти масъули кишвар ба навоҳию вилоятҳо ирсол дошта шуд, вале то кунун ҳеҷ маълумоте дар бораи Низомов пешниҳод нашудааст. Ба гуфтаи вай, рӯзи 14 июл нишасти хабарии Додгоҳи олии Тоҷикистон аст ва агар то он замон чӣ тозагие дар мавриди Ҷӯраев пеш омад иттилоъ, дода хоҳад шуд

Ин дар ҳолест, ки Бахтиёр Насруллоев, вакили мудофеи Низомхон Ҷӯраев низ мегӯяд, то кунун аз зерҳимояааш ҳеҷ хабаре нест ва ӯ низ мунтазири пайдо шудани Ҷӯраев мебошад. Ҷаноби Насруллоев афзуд, Додгоҳи олӣ бо ғайб задани зерҳимояаш парвандаи Низомхон Ҷӯраевро муваққатан боздошт. Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 18-уми июн мебоист, мурофиаи парвандаи Низомхон Ҷӯраев, раиси собиқи корхонаи кимиёвии Исфара, баргузор мешуд, вале бо сабаби ҳозир нашудани ӯ додгоҳ муҳокимаро ба вақти дигар вогузор кардаааст. Ин дар ҳолест, ки Ҷӯраев рӯзи 16 июн аз шахсан дастрас кардани даъватнома ба суд забонхат имзо карда, аммо дар рӯзи муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон наомадааст.

Низомхон Ҷӯраев то соли 2007 соҳибкори муваффақ дар вилояти Суғд ва молики як силсила корхонаҳои саноатӣ дар Исфара буд. Дар интихоботи соли 2005 ба вакилии Маҷлиси вилояти Суғд низ интихоб шуда буд.

XS
SM
MD
LG