Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла дар Ҳирот мунҷар ба ҳалокати панҷ корманди полис шуд


Бар асари як ҳамла дар ғарби Афғонистон дасти кам панҷ корманди полис кушта шуданд. Дар ин ҳамла, ки рӯзи душанбе, 7 июл, дар волусволии Форсии вилояти Ҳирот сурат гирифт, раиси полиси минтақа Шер Аҳмад ҳам ҷон бохтааст. Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, мошини кормандонип олис ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Гуфта мешавад, ки дар арафаи эълони натиҷаҳои муқаддамотии даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ҳамлаҳо ба кормандони амниятӣ ва полис афзоиш ёфтаанд. Қарор аст, ки натиҷаҳои ибтидоӣ рӯзи душанбе эълон шаванд. Барои мақоми раисиҷумҳури Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай талош доранд.

XS
SM
MD
LG