Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷудоихоҳон ба мавқеъҳои нерӯҳои украинӣ ҳамла карданд


Шабонарӯзи гузашта ҷудоихоҳони мусаллаҳ дар шарқи Украина сӯи мавқеъҳои низомиёни украинӣ дар мавзеъҳои Амвросиевка ва Рубежное ва гузаргоҳи марзии “Довжанский” оташ кушоданд. Раҳбари гурӯҳи “Муқовимати иттилоотӣ” Дмитрий Тимчук рӯзи душанбе, 7 июл, хабар дод, ки бар асари ҳамлаи ҷудоихоҳон ба мавқеъҳои низомиёни украинӣ дар наздикиҳои шаҳри Краматорск як сарбоз маҷрӯҳ шуд.

Бар пояи бархе хабарҳо, раҳбарони амалиёти зидддитеррористӣ дар шарқи Украина бар асари таҳдид ба ҳаёти гаравгонҳое, ки аз дар асорати удоихоҳонанд, ҳамлаҳоро мутаваққиф карданд. Дар мавриди баргузории чанд амалиёт ба хотири озод кардани гаравгонҳо тасмим гирифта шудааст.

Намояндагони ҷумҳурии мардумии Донетск, дар навбати худ, изҳор намуданд, ки “ҷанг акнун сар мешавад”. Ба навиштаи хабаргузориҳо, онҳо бинои ҳукумати Донетскро ишғол намуданд ва постгоҳҳои худро ташкил мекунанд.

Миллиардер Ринат Аҳмадов дар мусоҳиба бо телевизиони Украина хостори сулҳ дар Донбасс ва ҳалли низоъ аз роҳи музокирот шуд ва изҳор намуд, ки набояд Донетск ва дигар шаҳрҳои минтақа бомбаборон шаванд. Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофиаи Украина изҳор намуд, ки дар амалиётҳо дар Донетск ва Луҳанск ҳавопаймоҳои ҷангӣ истифода нахоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG