Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдуллоҳ шумориши дурусти орои интихоботиро мехоҳад


Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон даъват кардааст, ки натиҷаҳои ибтидоии даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар ба таъхир афтад, то боварӣ ҳосил шавад, ки ба ҳамаи орои шубҳаовар расидагӣ сурат гирифтааст.

То ҳол Кумиссиюни мустақили интихобоии Афғонистон бо даъвати номзад Абдуллоҳ эълони натиҷаҳои ибтидоии даври дуввумро ба таъхир андохтааст, то ба шикоёти оқои Абдуллоҳ дар бораи орои тақаллубӣ расидагӣ шавад. Вай мегӯяд, ки ба нафъи рақиби интихоботии вай Ашраф Ғанӣ тақаллуб сурат гирифтааст.

Оқои Абдуллоҳ 6 июл гуфт, “Мо дархост мекунем, ки ба ҳамаи оро расидагии комил сурат бигирад ва он гоҳ натиҷаҳои муқаддамотӣ эълон шавад”. Вай афзуд, “мо ифтихор дорем, ки мо дар Афғонистон орои аксарият ҳастем, ин амри возеҳ аст”.

Қарор аст натиҷаҳои ибтидоии даври дуввуми интихобот 7 июл эълон шавад. Абдуллоҳ гуфт, агар дархостҳои онҳо дар назар гирифта нашавад, онҳо натиҷаҳоро қабул нахоҳанд дошт.

Аз сӯи дигар, Ашраф Ғанӣ гуфтааст, ки дар эълони натиҷаҳои интихобот бояд таъхир сурат нагирад. Қарор аст натиҷаҳои ниҳоӣ 24 июл эълон шавад.

XS
SM
MD
LG