Пайвандҳои дастрасӣ

Комёбиҳои Искандар дар голфи Русия


Искандар Турсунов дар навъи варзиши голф дар мусобиқоти 23-юми қаҳрамонии голфи Русия комёбиҳои чашмгир ба даст овардааст. Имкон дорад, ки бо чунин комёбиҳо Искандар ба мусобиқоти Олимпии соли 2016 дар Рио Де Женейро роҳ ёбад ва дар ин мусобиқот Тоҷикистонро намояндагӣ кунад.

Искандар 22 сола аст ва фокултаи назария ва услуби голфи донишгоҳи давлатии варзиши Русияро хатм кардааст. Вай аз 14 солагӣ бо навъи варзиши голф машғул аст ва дар мусобиқаҳои голфи Русия ва бозиҳои байналмиллалӣ ширкат ҷустааст.

XS
SM
MD
LG