Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исроил ба 10 нуқта дар Навори Ғазза зарба зад


Низомиён мегӯянд, ки ҳамлаҳои ҳавоии субҳи 6 июл аз ҷумла минтақаҳои тавлиди аслиҳаро дар бар мегирифт. Ин ҳамлаҳо баъд аз оташи мушак ва тӯпхона аз Навори Ғазза ба сӯи Исроил сурат гирифтааст.

Чанд мушак аз Биршебо –шаҳре дар ҷануби Исроил партоб шудааст. Ин ҳамлаҳои ҳавоӣ баъд аз даргириҳои рӯзи шанбе миёни пулис ва эътирозгарони фаластинӣ ба вуқуъ пайвастааст. Аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ вазъ ташдид ёфтааст. Муҳаммад Абухудайр-навраси фаластинӣ ҳафтаи гузашта аз хонааш дар шарқи Байтулмуқаддас рабуда шуд ва баъдтар ҷасадашро дар ҷангал пайдо карданд.

Пулис мегӯяд, ки онҳо то ҳол ин кушторро таҳқиқ мекунанд, вале фаластиниҳо мегӯянд, ки тундравҳои исроилӣ дар ҷавоб ба куштори се навраси исроилӣ бо қатли ин наврас қасос гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG