Пайвандҳои дастрасӣ

Даъват аз соҳибкорони Британия барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон


Дар вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон бо намояндагони доираҳои тиҷоратию иқтисодии Британияи Кабир масъалаи ҷалби соҳибкорон ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Тавре аз дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, рӯзи 3-юми июл дар ин вохӯрии намояндагони Тоҷикистон ва Бритонияи Кабир дар шаҳри Лондод вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов зарурати такони тоза бахшидан ба ҳамкории иқтисодии ду кишвар таъкид кардааст.

Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Нигина Абдуллоева, ки дар ин вохурӣ ширкат дошт, имкониятҳои сармоягузориро дар Тоҷикистон муаррифӣ намуда, доираҳои сармоягузорӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодии Британияи Кабирро барои ҳамкории бештар даъват кардааст.

Ба гуфтаи манбаъ дар вохӯрӣ намояндагони Департаменти тиҷорат ва сармоягузориҳои Британияи Кабир (UK Trade & Investment), Гурӯҳи CATBIG (тиҷорат, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ), Бритиш Экспертиз (British Expertise), ширкатҳои саёҳатӣ ва дигар созмону доираҳои иқтисодие, ки ба тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳавасманданд, ҳузур доштаанд.

XS
SM
MD
LG