Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Славянск парчами давлатиро барафроштанд


Нируҳои ҳукумати Украина парчами давлатии Украинаро дар бинои Шӯрои шаҳрии Славянск насб карданд. Ин шаҳр муҳимтарин маркази муқовимати нируҳои ҷудоихоҳи ҷонибдори Русия дар шарқи Украина ба шумор мерафт. Петро Пороршенко-раиси ҷумҳури Украина дастур дод, ки парчами давлатии Украинаро дар бинои шӯрои шаҳрии Славянск насб шавад.

Вазири корҳои дохилаи Украина мегӯяд, ки аксари шӯришиёни ҷонибдори Русия ва фармондеҳони баландпояи онҳо аз қароргоҳи худ дар дар шаҳри Славянск фирор кардаанд. Арсен Аваков 5 июл дар Киев ба хабарнигорон гуфт: “субҳи рӯзи шанбе нируҳои кашф гузориш доданд, ки Гиркин (Игор Стрелков) ва бахши аслии шӯришиён ба сабаби даргириҳои шадид аз Славянск фирор кардаанд”.

Аваков дар сафҳаи Facebook-и худ навиштааст, ки шӯришиён ба Горливка воқеъ дар 50 километрии ҷануби шарқи Славянск рафтаанд. Горливка 260 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва аслан дар контроли шӯришён мебошад.

Фирори шӯришиён аз Славянск бузургтарин муваффақияти ҳукумати Киев дар давоми се моҳи муборизаҳо бар зидди ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ба шумор меравад. Славянск шаҳри саноатист ва тақрибан 120 ҳазор аҳолӣ дорад. Ин шаҳрро ҷудоихоҳон 6 апрел ба тасарруфи худ дароварда буданд.

XS
SM
MD
LG