Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия супурдани аслиҳаи Қримро нигаҳ дошт


Вазорати корҳои хориҷаи Русия супурдани аслиҳа ва муҳимоти Қримро, ки ба артиши Украина тааллуқ дорад, муттаваққиф кард. Дар ин бора торнамои расмии ин вазорат хабар додааст.

ар хабар омадааст, таваққуфи супурдани аслиҳа бо рӯйдодҳои шарқи Украина иртибот дорад ва то замони ба даст омадани оташбаси ниҳоӣ давом хоҳад кард.

Субҳи рӯзи шанбе гузоришҳо пахш шуд, ки нируҳои ҳукумати Украина шаҳри Славянскро ба назорати худ даровардаанд. Петро Пороршенко-раиси ҷумҳури Украина дастур додааст, ки парчами давлатии Украинаро дар бинои шӯрои шаҳрии Славянск насб кунанд.

XS
SM
MD
LG