Пайвандҳои дастрасӣ

Будҷаи шӯрои дифои ИДМ ба тасвиб расид


Шӯрои вазирони дифои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) барои тақвияти низоми дифои зиддиҳавоии ин кишварҳо дар соли оянда, яъне барои соли 2015 маблағеро ба тасвиб расондааст. Котиботи ин шӯро дар ин бора ба рӯзноманигорон хабар додааст, вале дар бораи маблағ чизе гуфта намешавад.

Ба ин шӯро Озарбойҷону Армманистон, Беларусу Қазоқистон, Қирғизистону Русия ва Тоҷикистону Узбакистон дохил мешаванд. Соли ҷорӣ раёсати ин созмонро Русия бар уҳда дорад.

Ҷаласаи навбатии шӯрои мазкур дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор шуд ва дар он ҳамчунин масъалаҳои назорат бар вазъи кимёвӣ, биологӣ ва радиатсионӣ баррасӣ гардид.

XS
SM
MD
LG