Пайвандҳои дастрасӣ

Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch аз Покистон хостааст, ки қонуни нави зиддитеррорро бекор кунад, зеро он ҷанбаи фишороваранда дорад. Ин қонунро порламон 2 июл ба тасвиб расонд ва он мӯҳлати муҷозот барои аъмоли террористиро ду баробар бештар кардааст ва акнун ин мӯҳлат 20 сол пешбинӣ мешавад.

Ин қонун ҳамчунин ба нируҳои амниятӣ иҷоза медиҳад, ки шахси гумонбарро бидуни ном бурдан аз ҷои нигаҳдорӣ ва бидуни эълони ҷурми зидди вай 60 рӯз нигаҳ доранд.

Human Rights Watch мегӯяд, мумкин аст қонуни нав барои ворид овардани фишор ба мухолифони сиёсии ҳукумат ба кор бурда шавад.

Ин қонуни нав дар ҳоле ба тасвиб расидааст, ки нируҳои ҳукуматии Покистон бар зидди гурӯҳҳои Толибон дар манотиқи қабиланишини Вазиристони Шимолӣ дар назидкии марз бо Афғонистон мубориза мекунанд.

XS
SM
MD
LG