Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии шаҳрдори Душанбе аз омори нархҳо


Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҷаласаи шаҳрдорӣ рузи 4-уми июл дар бораи назорати ғайрикасбии нархҳо дар бозори истеъмолии шаҳр изҳори нигаронӣ карда ба сардори ин раёсат Ворис Муродов маротибаи охирин огоҳӣ додааст. Масъулони ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯянд, ки дар натиҷаи «тадбирҳои андешидаи шаҳрдорӣ» дар чаҳор рӯзи аввали моҳи июл нархи 25 намуди маҳсулот дар бозорҳои пойтахт 19 дарсад паст карда шудааст. Аз дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми июл хабар доданд, ки аз рӯи рақамҳои оҷонсии омори Тоҷикистон то санаи 3 июл, нархҳои 20 намуд маҳсулот дар бозорҳои Душанбе нисбат ба шаҳру ноҳияҳои истеҳсолкунандаи маҳсулот паст шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бо шурӯъшавии моҳи Рамазон дар бозорҳои Тоҷикистон нархи маҳсулот ба якборагӣ баланд шуд ва ғайр аз ярмаркаҳои молу маҳсулот дар аксар шаҳру ноҳияҳо пастшавии нархҳо ба назар намерасад. Ба гуфтаи масъулони ҳукумати пойтахт аз рӯи рақамҳои оҷонсии омори Тоҷикистон, нархҳои 20 намуд маҳсулот дар пойтахт назар ба шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рашт, Ваҳдат ва Хуҷанд паст шудааст. Чанде аз харидорон аз бозорҳои пойтахт хабари паст шудани нархи чанде аз маҳсулотро ба радиои Озодӣ тасдиқ карданд, аммо ба гуфтаи онҳо ин танҳо дар гӯшаҳои алоҳидаи бозорҳо мушоҳида мешудааст, ки ба корхонаҳои марбути шаҳрдорӣ таалуқ дорад ва савдогарони инфиродӣ ҳамоно бо нархҳои қаблӣ маҳсулоти худро мефурӯхтаанд.

XS
SM
MD
LG