Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар наздикии Кобул шаби гузашта шӯришиён дар ҳамлае даҳҳо мошини ҳомили маводи сӯхтро оташ задаанд. Гулаған Ҳошимӣ-раиси бахши расидагӣ ба ҷиноёт дар раёсати пулиси Кобул 5 июл гуфт, ки бами магнитӣ дар яке аз мошинҳо часпонда шуда будааст ва баъд аз таркиш сабаби оташ гирифтани мошинҳои дигар шудааст.

Ин мошинҳо дар майдоне мунтазир будааанд, то ба шаҳри Кобул ворид шаванд. Бар асоси гузоришҳои муқаддамотӣ шумораи мошинҳои оташгирифта ба 400 адад мерасад.

Ҳашмат Станакзай-сухангӯи пулиси Кобул мегӯяд, ки талафоти ҷонӣ низ ба бор омадааст, зеро кормандони оташнишонӣ талош кардаанд, оташро фурӯ нишонданд.

Забиҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон дар изҳороте гуфтааст, ки масъулияти ин ҳамларо Толибон бар дӯш мегиранд. То ҳол рӯшан нест, ки ин мошинҳо ба ширкати хусусӣ тааллуқ доштанд ё хайр. Ин мошинҳо барои нируҳои НАТО дар Афғонистон маводи сӯхт меоварданд.

XS
SM
MD
LG