Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко: Киев барои идомаи машваратҳо омода аст


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, ба “Гурӯҳи тамос” пешниҳод кард, ки рӯзи 5 июл ҷамъ оянд ва гуфт, ки Киев барои идомаи машваратҳо дар бораи ҳалли мусолиматомези низоъ дар шарқи кишвар омода аст. Ӯ рӯзи ҷумъа дар сӯҳбати телефонӣ бо масъули бахши сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Кэтрин Эштон изҳор намуд, ки интизори посух дар дигар ҷониб аст.

Сарвари Украина ҳамчунин таъкид кард, ки замони оташбаси якҷониба ҷудоихоҳон ҳамлаҳоро қатъ накардаанд, маҳз ба ҳамин сабаб Киев маҷбур шуд, ки амалиёти низомиро аз сар гирад.

“Гурӯҳи тамос”, ки ба он вазирони умури хориҷии Украина, Русия, Олмон ва Фаронса шомиланд, бояд шартҳои оташбаси дуҷониба дар шаҳри Украинаро мушаххас кунад.

Аз ин пеш Порошенко дар сӯҳбати телефонӣ бо Ҷо Байден, ноиби раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки барои қатъи амалиёти низомӣ омода аст, аммо ба шарте, ки оташбас дуҷониба бошад.

XS
SM
MD
LG