Пайвандҳои дастрасӣ

“Тоҷикистону Бритониё тарафдори таҳқиқи объективии қазияи Содиқов ҳастанд”


Сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир Эркин Қосимов гуфт, дар ҷараёни сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Лондон аз ҷумла мавзӯи боздошти муҳаққиқи тоҷик Александр Содиқов дар Душанбе бо гумони ҷосусӣ ҳам баррасӣ шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир Эркин Қосимов гуфт, дар ҷараёни сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Лондон аз ҷумла мавзӯи боздошти муҳаққиқи тоҷик Александр Содиқов дар Душанбе бо гумони ҷосусӣ ҳам баррасӣ шуд.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ дар поёни сафари вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Лондон, ки ахиран анҷом шуд,

Эркин Қосимов

Эркин Қосимов

сафири Тоҷикистон дар Бритониёи Кабир Эркин Қосимов гуфт, ки дар ин сафар аз ҷумла мавзӯи боздошти донишманди тоҷик Александр Содиқов бо гумони ҷосусӣ баррасӣ шуд.

"Бале, дар мавзӯи Содиқов сӯҳбат шуд. Ҷониби Бритониё гуфт, ки аз сарнавишти Содиқов нигарон аст. Вале бояд гуфт, ки ҳарду ҷониб – ҳам Тоҷикистон ва ҳам Бритониё ба тафоҳуми назар даст ёфтанд, ки инқазия ҳатман бояд мунсифона ва ҳамаҷониба омӯхта шавад. Дар ин замина бояд хулосаҳои объективӣ ба даст ояд. Содиқов шаҳрванди Тоҷикистон ва қазияи ӯ бояд аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон ба таври одилона баррасӣ шавад", - гуфт сафир дар бораи хулосаҳои ҳайатҳои Тоҷикистону Бритониё дар мавзӯи моҷарои марбут ба Содиқов.

Александр Содиқов рӯзи 16 июн дар шаҳри Хоруғ бо иттиҳоми ҷосусӣ ва хиёнат ба ватан боздошт ва ба ҳабси муваққат гирифта шуд. Худи ӯ ва ҳам наздикону тарафдоронаш мегӯянд, ки вай ҷосус неву як донишманди муҳаққиқ аст, ки дар чаҳорчӯби корҳои илмии худ дар Хоруғ қарор дошта ва мехост бо намояндагони ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандонӣ дар бораи

Мулоқоти Аслов бо хонум Варсӣ

Мулоқоти Аслов бо хонум Варсӣ

рӯйдодҳои Хоруғ мусоҳибаҳо анҷом диҳад. Парвандаи ӯро мақомот махфӣ эълон кардаанд.

Барои пуштибонии ӯ ва бо тақозои озод шуданаш аз зиндон то ҳол 55 ҳазор донишманд аз саросари ҷаҳон имзо ҷамъ карданд. Содиқов унвонҷӯи донишгоҳи Торонтои Канада буда, раҳбари кори илмиаш аз донишгоҳи Эксетери Бритониё Ҷон Ҳезершоу мебошад. Худи Ҳезершоу баъди боздошти Содиқов пинҳонӣ Тоҷикистонро ба самти Лондон тарк кард ва гуфт, аз амнияти худ ва дигар муҳаққиқон нигарон шудааст.

“Ҳейг бемор шуд”

Қарор буд дар ҷараёни сафараш ба Лондон вазири хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо ҳамтои бритониёиаш Уилям Ҳейг низ дидору гуфтугӯ кунад. Вале ба гуфтаи сафир Эркин Қосимов, ин мулоқот “бо сабаби бемор шудани ҷаноби Ҳейг” барпо нашуд.

Ин нахустин сафари вазири амалкунандаи хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба пойтахти Бритониёи Кабир буд, ки се рӯз давом кард. Тибқи иттилои сомонаи интернетии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҷараёни боздидаш аз Лондон рӯзи 1 июл дар Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Британиёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ маросими имзои созишномаи байни Тоҷикистон ва Британиёи Кабиру Ирландияи Шимолӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя баргузор гардид. Аз ҷониби Британиё ин санадро Вазири аршади давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ баронесса Саида Варсӣ ба имзо расонд. Рӯзҳои 2 ва 3 июл мулоқоти Аслов бо раиси Палатаи лордҳои парлумони Британиёи Кабир баронесса Де Соуза ва президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабарти баргузор шуд.

Бритониё ҳамоно сафар ба Бадахшонро машварат намедиҳад

Айни замон, сайти ҳукумати Бритониё ба шаҳрвадони ин кишвар ҳамоно машварат медиҳад, ки аз сафар ба Тоҷикистон, ба вижа ба Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ худдорӣ кунанд.

Дар ин замина Эркин Қосимов гуфт, ки “ин танҳо як машварат аст ва аммо шумори хоҳишмандони боздид аз Тоҷикистон, ки барои гирифтани виза ба сафорат муроҷиат мекунанд, кам нашудааст”. Айни замон, ӯ дар бораи шумори дақиқи муроҷиатҳо чиз нагуфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG