Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалномаи додгоҳ алайҳи вакили дифои Зайд Саидов


Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҳалномаи худ дар мавриди шикояти Моҳира Бобораҷабова нисбати Шӯҳрат Қудратов -- вакили мудофеи Зайд Саидовро, ки гӯё шаъну шарафи ӯро паст задааст, содир кард, вале ҳанӯз натиҷаи ҳукми худро ошкор накардааст. Бахтиёр Абураҳмонзода, додраси додгоҳи Фирдавсӣ имрӯз, 4 июл бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳалномаи додгоҳ рӯзи 19 июн ба манфиати Моҳира Бобораҷабова содир шудааст, вале аз гуфтани натиҷаи ҳалнома худдорӣ кард. Вай гуфт, ки ҳалнома тариқи почта ба Шӯҳрат Қудратов фиристода шудааст ва дар он ҳамаи маълумотҳо оид ба натиҷаи парвандаи мазкур зикр шудааст.

Моҳира Бобораҷабова дар моҳи апрели соли равон ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аризаи шикоятӣ пешниҳод намуда, аз додгоҳ хост, ки барои таҳқири шаъну шарафаш аз тарафи Шуҳрат Қудратов, маблағи 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ руёнад. Моҳира Бобораҷабова ба ҳайси даъвогар ва модараш Гулнора Бобораҷабова, ҳамдаъвогар ба додгоҳ даъво бурда буданд, ки Қудратов нисбати Бобораҷабова матолиби таҳқирӣ нашр намудааст.

То замони пешниҳоди ин аризаи шикоятӣ дар нисбати Шуҳрат Қудратов, Моҳира Бобораҷабова баъд аз боздошти Зайд Саидов ба додгоҳ даъво бурда буд, ки ӯро Зайд Саидов ҳангоми ноболиғ буданаш мавриди таҷовуз қарор додааст. Аммо ҳангоми баррасии парвандаи Зайд Саидов, вакилони дифоъ гуфтанд, ки ин даъвои «таҷовузшуда» исботи худро наёфт.

Бахтиёр Абураҳмонзода, додраси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, ки диски сабти овози Шӯҳрат Қудратов дар мавриди таҳқираш ба Моҳираро барои ташхис дар ихтиёри Кумитаи радио ва телевизион дода шуд, аммо вакили мудофеъ барои санҷиш ҳозир нашуд. Аммо Шӯҳрат Қудратов мегӯяд, аз ҳалномаи додгоҳ розӣ нест ва дар нисбати он аризаи шикоятӣ пешниҳод хоҳад кард. Ҷаноби Қудратов мегӯяд, ки садои дар дискбудаи ӯро кормандони Кумитаи телевизион ва радиои на бо овози худаш, балки бо як садои дигаре, ки аз дигарҷой пайдо кардаанд, муқоиса намуда ва ба додгоҳ пешниҳод кардаанд.

Номи Моҳира Бобораҷабова вақте расонаӣ шуд, ки баъд аз боздошти Зайд Саидов ба додгоҳ даъво бурд, ки ӯро Зайд Саидов ҳангоми ноболиғ буданаш аз сӯи ин соҳибкори шинохта мавриди таҷовуз қарор гирифта бошад. Аммо ҳангоми баррасии парвандаи Зайд Саидов, вакилони дифоъ гуфтанд, ки ин даъвои «таҷовусшуда» исботи худро наёфт. Дар пайи даъвои Моҳира Бобораҷабова нисбати Зайд Саидов, мақомот гуфтанд, ки ташхиси ДНК-и ҳардуро дар Маскав гузаронида, падарии Зайдро ба кӯдаки Бобораҷабова исбот кардаанд. Аммо вакилони дифоъ дубора ба ташхисгоҳи «Био Папа»-и Маскав дубора муроҷиат карда гуфтанд, ки ҳуҷҷати мақомоти тоҷик оварда тақаллубӣ аст.

XS
SM
MD
LG