Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Энди Коулсон ба 1,5 соли маҳбас маҳкум шуд


Энди Коулсон
Энди Коулсон

Энди Коулсон, ёвари пешини нахуствазири Бритониё Дэвид Кэмерон дар умури робита бо расонаҳои хабарӣ, рӯзи ҷумъа, 4 июл ба якуним соли маҳбас маҳкум шуд. Аз ин пеш ҳайати мунсифа Коулсонро дар ғайриқонунӣ гӯш кардани почтаи садоии телефонҳои мобилии шаҳрвандон, ки миёни онҳо афроди маъруф низ зиёд буданд, гунаҳкор дониста буд. Замони содир шудани ин ҷиноят Энди Коулсон сардабири нашрияи News of the World, марбут ба сармоядор Руперт Мердок буд.

Ребекка Брукс, дигар аз раҳбарони собиқи нашрия, аз сӯи ҳайати мунсифа сафед карда шуд.

Мақомоти тафтишотӣ муқаррар карданд, ки хабарнигорони нашрия ғайриқонунӣ ба маълумот аз телефонҳои тақрибан панҷу ним ҳазор нафар, аз ҷумла, шоҳзодаҳои Бритониё Вилям ва Ҳаррӣ, ҳунарманди маъруф Дэниел Крейг, моделҳо Кейт Мосс ва Эл Макферсон ва мураббии онвақтаи дастаи мунтахабаи Англия Свен-Ёран Эрикссон дастрасӣ пайдо карданд.

XS
SM
MD
LG