Пайвандҳои дастрасӣ

Насби трапҳои телескопӣ дар фурудгоҳи Душанбе


Терминали нави фурудгоҳи Душанберо бо трапҳои телескопӣ таъмин мекунанд. Аз дафтари матбуоти фурудгоҳи Душанбе хабар доданд, ки ин телетрапҳо истеҳсоли Фаронса буда, дар яке аз корхонаҳои васлкунии шаҳри Москав ҷамъоварӣ шудааст. Бинобар доштани ҳаҷми бузург телетрапҳо аз Москав ба Душанбе бо автомобил оварда шудаанд. Мутахассисони фаронсавӣ дар якҷоягӣ бо коргарони тоҷик ба насб намудани телетрапҳо шурӯъ кардаанд. Ба гуфтаи манбаъ аз рўи лоиҳа терминали нави сохташавандаи фурудгоҳи Душанбе дорои ду телетрап буда дар як вақт метавонад ба 4 ҳавопаймо хизматрасонӣ намояд. Манбаъ афзуд долонҳои телетрап барои ҳаракат ҷониби ҳавопаймо ва баръакс аз ҳавопаймо ҷониби терминал аз ҳам ҷудо буда, дар алоҳидагӣ фаъолият менамоянд. Ҳоло сохтмони терминали нави фурудгоҳи Душанбе идома дорад. Аз ҷумла корҳои пардозгарии даруни бинои терминал 70 дарсад, васл намудани таҷҳизоти фурудгоҳӣ 50 дарсад, васл намудани лифтҳо 70 дарсад, эскалаторҳо 50 дарсад, шабакаҳои муҳандисӣ 80 дарсад, насб намудани таблоҳои роҳнамо 50 дарсад иҷро гардида, 18 адад нуқтаҳои сабти ном пурра насб шуданд, ҳуҷраҳои гузаргоҳии сарҳадӣ, минтақаи гумрук барои фаъолият омода шудаанд. Терминали нави фурудгоҳи Душанберо Ширкати сохтмонии фаронсавии «Винчи» бо сохтмончиёни кишварҳои Фаронса, Италия, Португал, Туркия ва Тоҷикистон месозад.

XS
SM
MD
LG