Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдулқодирзода: "Касоне шанбе рӯза нагирифтанд, як рӯз қазо бидоранд" (ВИДЕО)


Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Раиси Шӯрои уламоиТоҷикистон аз онҳое, ки рӯзи нахустин моҳи Рамазон, яъне 28 июнро рӯза надоштанд, хоҳиш намуд, ки пас аз анҷоми ин моҳ ҳатман як рӯзи дигар қазо бидоранд, то аз гарданашон соқит шавад.

Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар намози ҷумъаи Масҷиди марказии шаҳри Душанбе ба суоли намозгузоре роҷеъ ба тақвими таҳиякардаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон посух медод, гуфт, оғози моҳи шарифи Рамазон тибқи тасмими Шӯрои уламо ва аз ҷониби мутахассисони ин марказ, ки донанади хуби масоили исломӣ ҳастанд, таъин шудааст ва набояд дар он шакке ба вуҷуд ояд.

Ба ин далел раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон хитоб ба намозгузорон гуфт, ки "ҳар касе, ки рӯзи аввали моҳи Рамазон, яъне 28 июл рӯза надоштааст, хоҳиш мекунам, ки ҳатман пас аз моҳи Рамазон як рӯзи дигар рӯза бигиред."

Вай ҳамчунин дар бораи вақти намозҳо, ба хусус намози бомдод дар тақвими таҳиякардаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки баъзе афрод шубҳа доранд, гуфт, ки он чӣ дар ин тақвим оварда шудааст, дуруст аст ва мутахассисон дақиқкорона онро дуруст кардаанд ва набояд маврид шакку шубҳаи касе қарор бигирад. Ба андешаи Сайидмукаррам Абдулқодирзода, "ҳар касе бояд кори худро анҷом диҳад ва мутахассисони Шӯрои уламо низ кори худро тибқи аҳкоми шариат ва дар чорчуби мазҳаби Ҳанафия анҷом медиҳад.

Ин суханони Саидмукаррами Абдулқодирзода дар ҳолест, ки дар бештари кишварҳои исломӣ рӯзи якшанбеи 29 июн нахустин рӯзи моҳи Рамазон эълон шуд. Дар Покистон ва Ҳиндустон мардум рӯзи 30 июн ба рӯзадорӣ шурӯъ карданд. Шӯрои уламои Тоҷикистон шанбеи 28 июнро аввали рӯзи Рамазон эълон карда буд ва мардуми кишвар дар ҳамин рӯз ба рӯзадорӣ шурӯъ карданд.

"Ба назди муллоҳои фиребгар наравед, ҳаётатон месӯзад!"

Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бахши умдаи амри маъруф ва наҳи мункарро ба мавзӯи бовари мардум ба муллоҳои фиребгару фолбинҳо ихтисос дод. Ҷаноби Абдулқодирзода аз мардум хост, то ба назди ин гуна "муллоҳо" нараванд, ки ҳаёташон месӯзад. Зеро ба таъкиди вай, боздошти чанд муллои фиребгару ҷодугар собит кардааст, ки онҳо аз ислом дур ҳастанд ва мардумро ба доми худ дароварда ва аз ин фоида мегиранд.

Аммо ба бовари раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, аксарияти онҳое, ки ноогоҳона назди муллоҳои фиребгар мераванд, ин занонанд, ки дар ниҳоят мушкилашон ҳал намешавад, бараъкс ҷангу ҷидол дар хонаводаашон ва ё бо шавҳарашон бештар мегардад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази Исломии Тоҷикистон дар поёни суханони худ аз мардум хост, ки бетараф набошанд ва аз фаъолиятҳои ин гуна муллоҳо ва фолбинҳо ба Кумитаи умури дин, Шӯрои уламои Маркази Исломӣ ва дигар сохторҳои марбута хабар диҳанд.

Нигаронии Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар иртибот ба афзоиши бовари мардум ба муллооҳои фиребгар дар ҳолест, ки рӯзи гузашта низ Махфират Хидирова, раиси Кумитаи кор бо занон низ аз ин вазъ ба шиддат изҳори ташвиш карда буд. Хонум Хидирова дар вохурӣ бо гурӯҳе аз занон худи занонро дар рафтан ба назди муллоҳои фиребгар гунаҳкор донист.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG