Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои ҳалкунандаи Фаронса бо Олмон ва Бразилия бо Колумбия (ВИДЕО)


Имрӯз ва фардо бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилия доир мешаванд. Нахуст Фаронса бо Олмон ва дар бозии дувум соҳибони майдон – Бразилия бо Колумбия вориди майдон мешаванд.

Рӯзи ҷумъа, 4 июл соати 21:00 ба вақти Душанбе Фаронса бо Олмон ва шаби 4 ба 5 июл соати 1:00 ба вақти Душанбе Бразилия бо Колумбия рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

Ин бозиҳо барои чор даста барои расидан ба давраҳои ниҳоӣ тақдирсоз хоҳад буд. Ҳарчанд ҳеҷ яке аз ин дастаҳо заъфи худро намебинанд, аммо коршиносон дар қувваозмоии Фаронсаву Олмон одатан Олмонро дастаи комёб пешбинӣ мекунанд. Вале тибқи гузоришҳо дастаи Олмон бо ҳафт варзишгари сармохӯрда дар вазъи фавқулодда қарор дорад. Шореҳон бо ишора ба ҳунарнамоии муваффақонаи фаронсавиҳо зери сарпарастии мураббӣ Дидйе Дешамп мегӯянд, набояд имконоти Фаронсаро нодида гирифт.

Олмониҳо ба ёд меоранд, ки соли 1982 дар қувваозмоии ниманиҳоии Ҷоми ҷаҳонӣ фаронсавиҳоро дар як бозии фаромӯшнашаванда ноком карда буданд. Он замон дар як бархӯрд дарвозабони Олмон Ҳаралд Шумахер ду дандон ва қабурғаи футболбози фаронсавӣ Патрик Батистонро шикаста, Фаронсаро бо ашк дар чашмон гузошта буд.

Дар қувваозмоии дигари бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии соли 2014-ум Бразилия ва Колумбия рӯ ба рӯ мешаванд ва шореҳон бидуни шакку шубҳа имконоти соҳибони майдон Бразилияро бештар меҳисобанд. Аммо дастаи Колумбия ҳам дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳон 2014 яке аз фаъолтарин даста ба шумор меравад.

Кадоме аз ин дастаҳо барои расидан ба давраи ниманиҳоӣ ғолибиятро ба даст меоранд танҳо гузашти каме вақт нишон медиҳад.

Рӯзи шанбе Аргентина - Белгия ва Ҳолланд - Коста-Рика рақобат мекунанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-ум ва 10-уми июл, бозӣ барои ҷойи севум ва бозии ниҳоӣ 13-уми июл баргузор мешаванд.

Дар Тоҷикистон ҳам мухлисони футбол ҷараёни бозиҳои Ҷоми ҷаҳонро пайгирӣ мекунанд. Дар як сӯҳбати сарироҳӣ хабарнигори Радиои Озодӣ аз сокинон пурсид, ки аз ин давраи футболи Ҷоми ҷаҳон чиро интизоранд. Дар навори зер андешаи сокинонро мебинем:

XS
SM
MD
LG