Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форуми соҳибкорони тоҷик ва қазоқ дар Душанбе


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон ба кор оғоз кард . Аз ҷониби Қазоқистон дар ин форум ҳайати тиҷоратие дар раъси Аскар Аринов, раиси иҷроии ширкати KAZNEX INVEST ширкат дорад ва дар меҳвари ҳамоиш густаришу тавқияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ба хусус афзоиш додани табодули коло миёни ду кишвар матраҳ аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Аринов, ҳар сол табодули коло миёни Қазоқистон ва Тоҷикистон афзоиш ёфта ва ин афзоиш дар соли 2013, 5 дар садро ташкил додааст. Ба ин тартиб ба ҷониби Қазоқистон бо он, ки табодули коло бо Тоҷикистон дар соли 2013 беш аз 700 миллион долларро ташкил додааст, ҷониби Қазоқистон талош дорад, то ин мизонро дар соли ҷорӣ ба 1 миллиард доллар расонад. Ин аст, ки ба гуфтаи вай ба форуми навбатӣ дар шаҳри Душанбе, ширкатҳои умда ва муҳими қазоқӣ омадаанд, ки тавлидоти он бозоргир аст.

Зимнан, ин чаҳорумин ҳамоиши соҳибкорони қазоқу тоҷик муддати чанд соли ахир аст ва ҷониби Тоҷикистон низ умедвор аст, натоиҷи ин форум дар ҷиҳати тақвияти ҳар чӣ бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG