Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон ба қаҳрамонии футболи Осиё


Ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби духтарони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Сулаймон Бобокалонов дар Норак аз 23-юми июн то 2-юми июл тамрин карда, ба даври интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занонаи то 16-сола, ки аз 4-ум то 13-уми октябр баргузор мешавад, омодагӣ дид. Ба ин ҷамъомад 27 бозигар - 4 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - даъват шуда буданд.

Дар ҷараёни омодагӣ ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 мунтахаби Тоҷикистон ду бозии санҷишӣ анҷом дод. Нахуст мунтахаби кишвар дар варзишгоҳи ба номи Уктам Мамадови ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бар дастаи занонаи «Панҷшер» бо ҳисоби 3-2 ғалаба кард.

Дар бозии дувуми санҷишӣ футболбоздухтарони 16-солаи кишвар дар Варзишгоҳии марказии Душанбе бар мунтахаби миллии занонаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 ҳамагӣ 21 даста: 12 –то дар минтақаи Ғарб ва 9–то дар минтақаи Шарқ ширкат мекунанд.

Мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-16) бар асоси қуръакашӣ дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Узбакистон, Шри-Ланка, Баҳрайн, Фаластин ва Қирғизистон рақобат мекунад. Мусобиқа аз 4-ум то 13-уми октябр дар Шри-Ланка баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон нахустин бозиашро 4-уми октябр бо дастаи Фаластин анҷом медиҳад. Баъдан футболбоздухтарони тоҷик 6-уми октябр бо дастаи Баҳрайн, 8-уми октябр бо мунтахаби Узбакистон ва 11-уми октябр бо тими Шри-Ланка бозӣ мекунанд. Бозии охирини мунтахаби Тоҷикистон дар марҳалаи интихобӣ 13-уми октябр бо дастаи Қирғизистон баргузор мешавад.

Бояд гуфт, ки ғолибони ҳар чаҳор гурӯҳ ба марҳалаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2015 роҳхат мегиранд. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Кореяи Шимолӣ, Чин ва Тайланд аз даври интихобӣ озоданд ва ба сабқати ниҳоӣ мустақим роҳ ёфтаанд.

Ҳайати мунтахаби занонаи футболи Тоҷикистон (U-16):

Дарвозабонҳо: Сахина Саидова (Ҷиликӯл), Шаҳноза Бобоева (Қӯрғонтеппа), Зумрад Назарова (Турсунзода), Муаттара Раҳматуллоева (Норак).

Ҳимоятгарон: Гулдона Бегматова (Ҷиликӯл), Мавзуна Бобоқулова, Фарзона Абдулова (ҳарду аз Турсунзода), Наргис Юнусова, Дурдона Қосимова (ҳарду аз Спитамен), Ҷонона Ҳалимова, Дастагули Аскаршо, Дилафрӯз Шарифова, Маҳвора Достакова (ҳарчор аз Норак).

Нимҳимоятгарон: Дилноза Лалиева (Ҷиликӯл), Марҷона Файзуллоева (Сарбанд), Шукрона Азизуллоева (Душанбе), Зулайхо Сафарова (Турсунзода), Рухшона Мамадалиева, Озода Хусанбоева (ҳарду аз Спитамен), Насиба Олимова, Гуландом Саидова, Гулафшон Сараева, Сурайё Асророва (ҳарчор аз Норак).

Ҳамлагарон: Шукрона Мирова (Сарбанд), Мавҷуда Сафарова (Қӯрғонтеппа), Муниса Мирзоева (Душанбе), Дилафрӯз Ғафурова (Турсунзода).

Сармураббӣ: Сулаймон Бобокалонов.

Натоиҷи қуръакашии даври интихобии қаҳрамонии Осиё-2015 байни дастаҳои мунтахаби занона (U-16):

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Шри-Ланка, Узбакистон, Баҳрайн, Фаластин, Қирғизистан, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «В»: Бангладеш, Эрон, Урдун, Ҳиндустон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Қатар.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «С»: Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳонконг, Ҷазоири Шимолии Мариан, Ветнам.

Гурӯҳи «D»: Тайван, Мянмар, Филиппин, Камбоҷа.

Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»:

Даври 1-ум

4 октябр (шанбе)

Баҳрайн – Шри-Ланка

Фаластин – Тоҷикистон

Узбакистон – Қирғизистон

Даври 2-юм

6 октябр (душанбе)

Шри-Ланка – Қирғизистон

Узбакистон – Фаластин

Баҳрайн – Тоҷикистон

Даври 3-юм

8 октябр (чоршанбе)

Қирғизистон – Баҳрайн

Тоҷикистон – Узбакистон

Шри-Ланка – Фаластин

Даври 4-ум

11 октябр (шанбе)

Фаластин – Қирғизистон

Тоҷикистон – Шри-Ланка

Узбакистон – Баҳрайн

Даври 5-ум

13 октябр (душанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Баҳрайн – Фаластин

Шри-Ланка – Узбакистон

XS
SM
MD
LG