Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Музокироти Эрону қудратҳои ҷаҳонӣ идома кард


Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ва Кетрин Эштон, масъули сиёсати умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар шаҳри Вена мулоқот кард. Айни замон дар ин шаҳр музокироти Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ идома дорад ва ҳадафи он таҳияи созиши фарогир дар бораи барномаҳои атомии Эрон аст ва ин созиш бояд то рӯзи 20-уми июн такмил шавад. Майкл Манн, сухангӯи Кетрин Эштон гуфт, ки фазои музокироти ҳастаӣ дар Вена “бисёр устодона, ҷиддӣ ва қотеъ” аст. Ӯ афзуд, ки ҳамаи тарафҳо омадаанд, барои дастёбӣ ба созиши хубе, “ҳар қадр ки лозим бошад, музокира кунанд”. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон аз Эрон мехоҳанд, барои коҳиш додани нигарониҳо аз барномаҳои баҳсабарангези атомиаш баъзе аз фаъолиятҳои атомиашро боздорад. Эрон мегуяд, ки қасди сохти бомби атомӣ надорад ва барномаҳояш сулҳомезанд.

XS
SM
MD
LG