Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба Ироқ ҳавопаймои низомӣ додааст


Як муассисаи мӯътабари пажӯҳишӣ, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, мегӯяд, ки Эрон ба Ироқ барои муборизааш ба зидди тундравони исломӣ ҳавопаймоҳои ҷангӣ додааст. Пажӯҳишгоҳи Байналмилалии Таҳқиқоти Стротегӣ гуфт, видеоҳои ҳавопаймоҳои Сухой, ки мақомоти Ироқ нашр карданд, нишон медиҳад, ки зоҳиран аз Эрон дастрас шудаанд. Пештар аз ин Русия ба Ироқ барои ҷанг ба зидди пайкорҷӯёни созмони Давлати Исломии Ироқ ва Шом чанд ҳавопаймои Су-25 дод. Ба гуфтаи Ҷон Демси, таҳлилгари низомии пажӯҳишгоҳ ва як муаллифи гузориши “Таъодули низомӣ” маълум нест, ки ин ҳавопаймоҳоро киҳо идораву нигоҳубин мекунанд. Аммо бар тибқи ин гузориш, ки рӯзи 2-уми июл нашр шуд, “ба эҳтимоли зиёд худи Ироқ бе кӯмаки хориҷиён, қудрати идораи чунин ҳавопаймоҳоро надорад.”

XS
SM
MD
LG