Пайвандҳои дастрасӣ

Тадобири амнияти дар фурудгоҳҳо тақвият дода мешавад


Мақомоти Амрико мегӯянд, қасд доранд, чораҳои амниятӣ дар баъзе аз фурудгоҳҳои Аврупо ва Ховари Миёнаро, ки бо Амрико хати парвоз доранд, тақвият бахшанд. Ҷей Ҷонсон, вазири амнияти дохилии Иёлоти Муттаҳида, рӯзи 2-уми июн гуфт, чораҳои амниятӣ дар рӯзҳои наздик андешида мешаванд, аммо нагуфт, дар кадом фурудгоҳҳо ва чӣ гуна иқдомоте амалӣ карда хоҳад шуд. Пеш аз ин эълон хабарҳое буд, ки созмонҳои террористӣ як навъи маводи таркандаи месозанд, ки метавонанд ба бадани мусофир ворид кунанд ва ӯ ба осонӣ ба ҳавопаймо роҳ ёбад. Баъди арзёбиҳои хатарҳои амниятӣ Ҷей Ҷонсон гуфт, ба Раёсати амнияти нақлиёти Амрико дастур додааст, ки дар “фурудгоҳҳои хориҷие, ки ба Иёлоти Муттаҳида парвоз доранд, чораҳои беҳтари амниятӣ биандешад.” Як мақоми вазорати амнияти дохилии Амрико гуфтааст, ки ин фурудгоҳҳо дар Аврупо ва Ховари Миёна ҷойгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG