Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳашт даста барои Ҷоми футзали Тоҷикистон мубориза мебарад


Ҳамаи ҳашт дастаи ширкаткунандаи марҳалаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз 5-ум то 10-уми август дар Хуҷанд баргузор мешавад, маълум шуданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми кишвар дастаҳои шаҳри Душанбе - DISI, «Бонки миллӣ», «Газпром» ва «Динамо», инчунин тимҳои вилояти Суғд - «Эсхата», «Сипар», «Имон Интернешнл» ва «Ал-Маъруф» - роҳ ёфтанд.

Қуръакашии марҳалаи ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 4-уми август дар Хуҷанд барпо мегардад. Дар марҳалаи ниҳоӣ дастаҳо ба ду гурӯҳи ҳар кадом иборат аз чаҳор даста тақсим мешаванд.

Давраи гурӯҳӣ аз 5-ум то 7-уми август доир хоҳад шуд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 9-уми август, бозии ниҳоӣ 10-уми август баргузор мешаванд. Ҳамаи бозиҳо дар "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд барпо мегарданд.


Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG