Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар мекунад


Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ояндаи наздик ба Қирғизистон сафар мекунад. Дар ин бора расонаҳои қирғизӣ хабар дода ва гуфтаанд, ки мавзӯи сафари Қоҳир Расулзода ба Қирғизистон дар ҷараёни дидору гуфтугуи Ҷоомарта Оторбоев, муовини нахуствазири Қиғизистон бо Муродалӣ Алимардон, ҳамтои тоҷикаш дар Бишкек дар таърихи 2 июл матраҳ шудааст. Ба навиштаи ин расонаҳо, ҷонибҳо дар ин дидор дар канори баҳси масоили мухталифи густариши равобиту ҳамкориҳои миёни ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла мавзӯи таъин ва аломатгузории хутути марзӣ, ҳамчунин ҷнбаҳои ташкили сафари Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон ба Қиғизистонро низ баррасӣ карданд. Муродалӣ Алимардон, дар раъси ҳайате ба манзури баррасии масоили марзи миёни Тоҷикистон бо Қирғизистон ба Бишкек сафар кардааст. Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди сафари Қоҳир Расулзода, нахуствазири ин кишвар ба Қирғизистон гуфт, ки ҳанӯз хабаре дар ин бора нест ва дар сурати дастрас шудан ҳатман расонаҳо огоҳ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG